Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом бо гурӯҳи кории иборат аз мудири шуъбаи кор бо занони МИҲД, намояндагони шуъбаи маориф, КАТС ва директори Маркази касбомӯзии калонсолон вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан баргашта, сокинони ҷамоатҳои деҳот ва ҳудуди шаҳр, дар толори Маркази касбомӯзии калонсолон баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии ҷиноят дар байни занҳо, қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафар, аз байн бурдани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таассубу хурофот ва бегонапарастӣ, иҷроиши Қонунҳои милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии савдои одамон ва чанд масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Директори Маркази касбомӯзии калонсолон Заррина Раҳимҷонова мулоқотро ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузории ин вохӯриро шарҳ дод.
Баъдан мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом – Маҳбуба Муҳиддинова ба масъалаи хурофоти бегонапарастӣ оилаву оиладорӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуд.
Сипас суханро мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр – Фарзона Толибова идома дода, оид ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия, омодагии пеш аз сафар, муҳоҷирати бехатар, суханронӣ намуда қайд кард, ки асоси воқеии ихроҷ гардидани муҳоҷирон ин бе қайди истиқомат ва ё бе ҳуҷҷат фаъолият бурдан, ё надонистани Қонунгузории ин кишвар мебошад.
Дар идома мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр – Парвина Раҷабова бобати кортаъминкунии аҳолӣ ва муҳоҷирони ба ватан баргашта, аъзои оилаи онҳо, додани қарзҳои имтиёзнок ибрози назар кард.
Баъдан сармутахассиси Маркази касбомӯзии калонсолон вобаста ба масъалаҳои омӯзонидани касб ва гирифтани сертификати касбият суханронӣ намуд.
Ҳамзамон бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод дар назди бозори марказии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд