Ҷиҳати беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба муҳоҷирати бехатар, будубош дар кишвари хориҷа ва омодагӣ пеш аз сафар дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо иштироки бевоситаи кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва зерсохтори он, идома дорад.
Бояд тазаккур дод, ки мақсади асосӣ бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ин баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Россия мебошад.
Кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират зимни вохӯрӣ вобаста ба талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати бехатар, расман фаъолият намудан дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, нигоҳдории ваъзи саломатию пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ машварат ва тавсияҳои муфид дода шуд.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонии хориҷии аз 30 декабри соли 2024, №1122 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки шаҳрвандон метавонанд то санаи 30 апрели соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро дар кишвари иқомат муайян намуда, ҳуҷҷатҳои худро расман ба қайд гузоранд.
Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намуда, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйиротҳои охир дар қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии оила ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд.
Инчунин, ба шаҳрвандон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистидошта, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, хатари бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои сияротшавии шаҳрвандон машварат дода шуд.
Дар хатми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон брошюраҳои роҳнамои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба муҳоҷирати бехатар; Тундгаро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист? Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад? тақсим гардида, ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта, барои дарёфти ҷойи кор бо музди меҳнати арзанда дар ширкатҳои бузурги дохили кишвар, тавсияҳои муфид дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират