Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар маркази шаҳр бо сокинони шаҳр вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд, суханронӣ намуданд.
Инчунин, вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон аз гурӯҳҳои тундрав баромад намуда қайд карданд, ки имрӯз дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Мутаассифона, имрӯз бархе аз ифротгароён, хоинони миллат ақидаҳои нодуруст, ҳадафҳои нопоки худро мехоҳанд, ки амалӣ созанд ва сулҳу субботи ҷомеаро халалдор намоянд.
Вале ҳоло мардум чеҳраи аслии ин афродро шинохтаанд, ки бештари ин шахсон дар гузашта ҷинояткор буданд.
Ингуна афроди хиёнаткор арзиши истиқлолиятро, ки волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик мебошад, қадр намекунанд.
Давоми асрҳои тӯлонӣ миллати тоҷик дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.
Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиш беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин суханони пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.
Муқаддас доштани Истиқлолияти давлатӣ, ки барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдори идавлат, бақоисимои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад ва ин арзишҳоро чун гавҳари ноёб аз ҳар гуна гурӯҳҳову афроди бегонаи давлатфурӯш эҳтиёт бояд кард.
Мо, сокинони шаҳри Панҷакент фирефтаи ифротгароён нашавем, ки имрӯз симои асливу сиришти нопоки ин ифротгароён ба ҳама аён гаштааст. Баҳри саҳм гузоштан дар ободиву пешрафти Ватан, зодгоҳ, маҳалли зисти хеш кӯшиш ба харҷ диҳем.
Чунин як вохӯрии судманд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз ҷониби кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Бояд қайд кард, ки Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд минбаъд низ ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, фаъолияти худро хубтару беҳтар менамояд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд