Кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҳамарӯза корҳои иттилоотӣ – маърифатиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳури – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”, ҷоннок намуда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳар як вохӯриву суҳбатҳо бо шаҳрвандон аз ҷониби кормандони масъули Хадамот тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия дуруст омода будан, донистани қонунҳои нави амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, қайди муваққатӣ, гирифтани Патент, инчунин пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, эълон намудани љойњои холии корї дар ширкатњои ватании кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз.
Дар рафти вохӯрӣ ба самъи шаҳрвандон расонида шуд, ки Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки Президенти Федератсияи Россия қонунҳои федералӣ «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия» аз 8 августи соли 2024, №260-ФЗ ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба “Кодекси Федератсияи Россия Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» №248-ФЗ тасвиб намуда, қонунҳои мазкур аз 5 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад, ки ваколатҳои мақомоти корҳои дохилиро дар соҳаи муҳоҷират ба таври назаррас васеъ мекунанд.
Мутобиқи қонунҳои дар боло зикршуда, шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохилии ваколатдор ӯҳдадоранд, ки дар бораи аз Федератсияи Россия ба таври маъмурӣ хориҷ кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд қарор қабул кунанд.
Аз ин пас, назорати ҷойгиршавии шаҳрвандони хориҷӣ, ки қонунгузории Федератсияи Россияро вайрон кардаанд муайян гардида,
санҷиши ҳама гуна ҳуҷҷатҳо, мувофиқасозии хатсайри муҳоҷир то гузаргоҳи сарҳади давлатии Федератсияи Россия, назорати риояи маҳдудиятҳо ва қоидаҳо ва иҷрои вазифаҳоро ба роҳ монда мешавад.
Барои ба ҳисоб гирифтани теъдоди чунин қонунвайронкунандаҳо “Феҳристи шахсони назоратшаванда” ташкил гардида, ба ҳолати имрӯза ҳудуди 149 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бар мегирад ва аз оғози соли 2025 дастраси ҳама мақомотҳои давлатӣ ва ғайридавлати мегардад.
Ба шаҳрванди хориҷӣ, ки ба феҳрист дохил карда шудааст, як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ мегарданд, аз ҷумла:
– бе иҷозати макомоти корхои дохилӣ ҷои истиқоматро иваз намояд;
– берун аз худуди субъекти Федератсияи Россия сафар кардан;
– харидори молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт, бақайдгирии амвол дар макомоти давлатӣ;
– издивоҷ кардан;
– бақайдгирӣ хамчун соҳибкори инфиродӣ;
– кушодани суратҳисоби бонкӣ ва анҷом додани дигар амалиёти бонкӣ;
– маҳдудиятҳои истифодаи ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ва рад кардани супоридани имтиҳонҳо оид ба ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ва додани (иваз кардани) шаҳодатномаи ронандагии миллӣ ё байналмилалии Россия пешбинӣ шудааст.
Шаҳрвандони хориҷие, ки бинобар қонунӣ нагардонидани будубош эҳтимолияти ихроҷ шуданро тариқи Марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ пайдо мекунанд.
Аз ин лиҳоз, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки барои ба танзим даровардани вазъи ҳуқуқӣ, шаҳрвандон бояд ба шуъбаҳои наздиктарини Вазорати корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ бобати гузаштани расмиёти изи ангушт, суратгирӣ ва озмоишӣ тиббӣ муроҷиат намоянд.
Ҷиҳати муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ ва пайдо намудани посух ба саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (993) 586-73-40 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;
5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.
Боиси қайд аст, ки айни замон дар дохили кишвар барои дарёфти кори мувофиқ ва музди меҳнати арзанда шароиту имконияти хуб мавҷуд буда, ширкатҳои сохтмони, саноатӣ, роҳсозӣ ва дигар корхонаҳои бузург аз қабили НБО «Роғун», ҶСП «Ҷунтай-Данғара», «Син силу текстил» ва дигар сохтмонҳои азнавсозии шоҳроҳҳои байналмилалӣ ба мутахассисони соҳибмалакаи ватанӣ эҳтиёҷ доранд.
Бо назардошти ин даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳар як фарди ватандӯстро мебояд аз ин имкониятҳои манфиатдор самаранок истифода бурда, дар ободию созандагии ватани хеш саҳми арзанда гузорад.
Дар охир тавсия дода шуд, ки дар хориҷи кишвар худро эҳтиёт намуда, зиракию ҳушёрии хешро аз даст надињанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират