Ҷиҳати пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар ҳамарӯза кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд” ва “Истгоҳи роҳи оҳан” пеш аз сафар бо муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ-маърифатӣ гузаронида истодаанд.
Чунин вохӯрӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд” баргузор гардид, ки дар он кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бӯстон, намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷират дар фурудгоҳ ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия вобаста ба муҳоҷират суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки қисми зиёди шаҳрвандони мо аз сабаби надонистани қонуну қоидаҳои кишвари қабулкунанда, яъне надонистани забон, надоштани касбу ҳунар дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкилиҳои зиёд дучор шуда ва дар охир фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб мегарданд ё ин, ки аз қаламрави Федератсияи Россия берун карда мешаванд, ҳамзамон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, пешгирии савдои одамон, суҳбат намуда дастурҳои муфид доданд.
Инчунин, аз ҷониби намояндаи МД “ Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд ба муҳоҷирони меҳнатӣ варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд