Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Дашти Миёна вохӯрии судманд бо сокинон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дохилию экологӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ бо сокинон оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ суханронӣ намуда, иброз намуданд, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна қувваҳои ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастаҷамъ бошем.
Созмону гурӯҳҳои радикалӣ ва ифротгароӣ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиро ба вуҷуд меоранд.
Инчунин, таъкид намуданд, ки ифротгароӣ ва терроризм идомаи мантиқии ҳамдигар буда, ҳалқаҳои пайвастаи як занҷира маҳсуб меёбанд, ва дар ҷаҳони муосир ба як хатари бузурги минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтаанд.
Воқеан ҳам қабл аз муайян намудани иқтидорӣ таҳдиду хатарҳое, ки аз падидаҳои мазкур бар меоянд, бояд табиату моҳияти падидаҳои дар боло зикр гардида дар алоҳидагӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Экстремизм бошад ҷамъбаҳои қавии идеологӣ дорад ва дар асосӣ андешаҳои радикалӣ рушд менамояд.
Ҳамзамон ҷиҳати ба ноҳияҳои қабулкунанда сафарбар намудани муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ барои оғоз ва идома додани корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматиашон суханронӣ намуда, таъкид гардид, ки ҳарчи зудтар корҳои сохтмониро ба итмом расонида ба маҳалли навӣ зисташон кӯчида раванд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд