• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинони ҷамоату деҳоти ноҳияи Файзобод

Migration Service by Migration Service
07.06.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинони ҷамоату деҳоти ноҳияи Файзобод
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, ки дар он бахши Хадамоти муҳоҷират шомил аст, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни сокинони ҷамоату деҳоти ноҳия вусъат дода истодаанд. Чунин вохӯрии судманд дар муассисаҳои таълимии № 35-64 бо хонандагон, падару модарон, омӯзгорон,  фаъолон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватанбаргашта баргузор гардид.                 

Дар рафти вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи корӣ муовини раиси ноҳия Рашидзода Махфират Мансур оид ба вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 марти соли 2024 бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар  баргузор гардида буд, суханронӣ намуда,  дар бораи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ,  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, зоҳирпарастиву зиёдаравӣ, сарфаю сариштакорӣ ва бо савод гардонидани фарзандон, шароит муҳайё намудан барои таҳсил ва зиндагии онҳо гуфта гузаштанд.

Аз ҷумла, қайд карданд, ки имрӯз  яке аз масъалаҳои муҳим ва  ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ  ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм яке аз   зуҳуроти  номатлуб  дар  замони имрӯза  ба  шумор меравад, зеро  он  боиси ба  миён  омадани  оқибатҳои  нохуш – таҳдид ё  истифодаи зӯроварӣ, расонидани  зарари  вазнин,  бенизомӣ,  тағйири сохти конститутсионӣ  дар  мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани  низои  миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Азизова Б., – мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия қайд намуданд, ки донистани забони давлатҳои дигар чи дар дохили ҷумҳурӣ ва чи дар хориҷи мамлакат зарур мебошад, надонистани забони давлати муҳоҷирпазир боиси саргардонии ҷавонони мо мегардад. Инчунин, ба ҳозирин оид ба тартиби будубош дар хориҷи кишвар, тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии Федератсияи Россия роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгар, зарурияти риояи қонунгузории Федератсияи Россия ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ, гирифтани сертификати донистани забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, пеш аз сафар омода будан, инчунин ҷойҳои кории холӣ барои шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудашон ба давлатҳои дигар манъ аст, дар ширкатҳои сохтмонии  ҶСК “НБО Роғун” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.

Раҳматуллозода Ф., – мудири бахши САҲШ, чанд сухан дар бораи гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, никоҳи хешутаборӣ, номгузории фарзандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон гуфтаанд.

Раҷабзода О., – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш суханронӣ намуда қайд кард, ки моро зарур аст, ки баҳри пойдору устувор нигоҳ доштани сулҳу суботи Ватани азиз ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, бунёди толору майдонҳои варзишӣ, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, гирифтани пеши роҳи қонуншиканӣ, иштироки ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҳиссаи худро гузорем.

Давлатзода  Р., –  мудири бахши кор бо занон ва оила, аз ҷумла иброз намуданд, ки Ҷумҳури Тоҷикистон  баҳри баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, баробарҳуқуқии мардону занон, муарифи кардани ҳунарҳои занони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.  Бояд қайд намоем, ки Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баргузор гардида қайд намуданд, ки бегонапарастӣ  дар сару либос, яъне пушидани либоси бегона  бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад, бегонашавии одоб ва расму ойини либоспушӣ – бегонашавии фарҳангест, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешавад.

Баротова Қ., – намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масълулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, шароит муҳайё кардан барои таҳсили фарзандон, иштироки фарзандон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, робитаи волидайн бо мактаб, соҳибкасб намудани фарзандон пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба марказҳои тестӣ  сухан намуданд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод

Previous Post

Чорабинии судманд дар МДТ “Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳоров”- и шаҳри Конибодом

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Панҷакент

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Панҷакент

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Панҷакент

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.