Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта баргузор карда шуд.
Масъулин доир ба тағийрот дар қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ, фаъолият дар заминаи шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботи бехатарӣ дар истеҳсолот, огоҳонӣ оид ба гуруҳҳои хатарафзо, террористиву экстремистӣ, ифротгароии динӣ ва нигоҳдории беҳдошти саломатӣ ба шаҳрвандон ибрози андеша намуданд.
Зикр гардид, ки дар талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат тағийроти зиёд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ворид гардида, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои муайяншударо риоя намуда, баъди ба даст овардани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, дар мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ огоҳинома пешниҳод намоянд.
Дар ин замина аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни фаъолияти меҳнатӣ меъёрҳои бехатарӣ дар истеҳсолотро риоя намуда, бехатарии саломатии худ ва дигар ҳамватанонро таъмин намоянд.
Дар фарҷоми чорабини ба муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо варақаҳои иттилоотӣ – маърифатӣ доир ба мавзуъ тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
 
								 
								

