Кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ҷиҳати тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, вобаста ба муҳоҷиратӣ бехатар, пешгирии пайвастани муҳоҷирон ба сафи гурӯҳҳои ифротгароии динӣ, савдои одамон, бо кор таъмин намудани шаҳрвандон дар ширкатхои ватанӣ, инчунин ҷалб намудани онҳо ба касбомӯзӣ, пайваста корбарӣ намуда истодаанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои огоҳии ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон дода шуд. Муҳоҷирон оид ба зарурати риояи ҳатмии қонунгузории Федератсияи Россия, қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар ҷойҳои корӣ ва инчунин меъёрҳои беҳдоштӣ, ки мустақиман ба ҳифзи саломатӣ таъсир мерасонанд, хотиррасон карда шуданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои амнияти иттилоотӣ баррасӣ гардида, ба иштирокчиён хавфҳои эҳтимолии истифодаи манбаъҳои шубҳаноки интернетӣ шарҳ дода шуд ва онҳоро аз хатари ҷалб шудан ба гурӯҳҳои харобкор ва ташкилотҳои номатлуб ҳушдор доданд.
Дар рафти гуфтугӯ муҳоҷирон як қатор саволҳои амалӣ, аз ҷумла дар бораи хусусиятҳои истифодаи замимаи ruID ва инчунин кори замимаи нави “Амина”, ки оғози фаъолияташ аз 1 сентябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, матраҳ намуданд. Ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои муфассал дода шуда, иштирокчиён маслиҳатҳои зарурӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии марбут ба иқомат ва фаъолияти меҳнатии худ дар Федератсияи Россия гирифтанд.
Дар вохӯрӣ инчунин таъкид гардид, ки дар сурати иҷро нашудани шартҳои шартномаи меҳнатӣ аз ҷониби корфармоён, шаҳрвандон метавонанд ҳамеша ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намуда, кӯмаки ҳуқуқӣ ва мусоидат барои гирифтани музди меҳнат аз ҳисоби корфармоён ва дигар кумакҳои ҳуқуқӣ дарёфт намоянд.
Дар анҷом муҳоҷирони меҳнатӣ аз кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират барои таваҷҷуҳи зоҳиргардида, иттилооти муфид ва дастгирии расонда изҳори миннатдорӣ намуда, аҳамияти чунин чорабиниҳоро барои фаъолияти меҳнатӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи худ дар кишвари қабулкунанда таъкид карданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират