Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Хадамоти муҳоҷират ҳайати гурӯҳи корӣ ҷиҳати пурзур намудани корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ пеш аз сафар бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳҳо ва истгоҳи роҳи оҳан доир ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон қайд карда шуд, ки муҳоҷири бидуни ҳуҷҷат – ғайришаҳрвандест, ки ба кишвар ворид мешавад ва дар қаламрави кишвар бе ҳуҷҷатҳои дахлдор дохил мешавад.
Муҳоҷирон метавонанд бо ду сабаб дар қайди муҳоҷират набошанд.
Аввалан, онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият доранд, вале ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи вуруд ва истиқомат дар кишварро надоранд ё чунин ҳуҷҷатҳо қалбакӣ ҳастанд ё беэътибор мебошанд.
Дувуман, онҳо ҳеҷ як ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва дигар далели ҳаққи вуруд ва истиқомат дар кишварро надоранд.
Муҳоҷирони бидуни ҳуҷҷате, ки ҳеҷ як ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоранд, маъмулан душвориҳои зиёд дар дастрасӣ ба хадамоте, ки барои гирифтани иҷозати кор ва ё истиқомат ва ё баргаштан ба кишвари аслро эҳсос мекунанд.
Инчунин, дар суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, фаҳмонидани талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак» суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандон дар бораи шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм, муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон суҳбатҳо намуда ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ буклетҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Бояд қайд кард, ки ҳамарӯза бурдани корҳои иттилоотӣ фаҳмондадиҳӣ дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан аз ҷониби ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират мунтазам идома дода мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират