Тибқи ҷадвали тасдиқгардида аз ҳисоби масъулини ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия дар фурудгоҳҳо, истгоҳи роҳи оҳан ва нақлиёти мусофиркаш, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон баргузор намуда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандон дар бораи шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм суҳбатҳо намуда ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати бехатар, буклетҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд. Ба ҳозирин расонида шуд, ки пеш аз ҳама худро аз таъсири чунин гурӯҳҳо дар канор гирифтан зарур аст, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ ва ифротгароён омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи давъатҳои таблиғотӣ, истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ, шабакаҳои интернетӣ, одноклассник, фейсбук ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардуруғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил намоянд.
Вобаста ба ин ба ҳозирин маслиҳатҳои муфид дода шуда, таъкид гардид, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткор бошед ва кӯшиш намоед мушкилоти худро дар мақомотҳои дахлдори қудратии Федератсияи Россия ё Сафорату Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қарордошта ҳал намоед.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин силсила чорабиниҳо мунтазам аз тарафи ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳри Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб гузаронида мешавад.
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданием, ки аз 28 майи соли равон Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.
Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии иттилоотӣ – машваратӣ расонида, дорои таҷҳизоти изи ангушт ва аксбардорӣ мебошад, ки дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Садриддин Айнӣ 121, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират