Ҳамарӯза кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар Фурудгоҳи байналмилалӣ шаҳри Душанбе бо садҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, вохӯриву мулоқотҳо доир намуда, ба онҳо доир ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории он дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонида ба онҳо тавсия дода мешавад, ки бе асос ва маҷбуран ба ин кишвар сафар накунанд, қонунҳои будубоши ин давлатро дидаву дониста вайрон накунанд.
Ҳамзамон дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон дар мавзӯи муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирӣ ва мубориза бо бемории сирояти ВНМО, моҳияти Созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои ба муҳоҷират вобаста дошта мебошад.
Мутаассифона, имрӯзҳо қисми зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон омодагӣ ба Федератсияи Россия равона мегарданд, онҳо ба ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд ва ҳамзамон дар маҳзани маълумоти муваққатан манъшудагон дарҷ мегарданд. Баъд аз бозгашт онҳо ҳуқуқи ба ин кишвар дубора ворид шуданро надоранд, боиси нигаронист.
Аз ин лиҳоз, кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари кишвари Россияро доранд, хоҳиш менамоем, ки аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия огоҳ бошанду, онро ба пуррагӣ риоя намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ – маърифатӣ, буклетҳои роҳнамоии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати бехатар, тундгаро, экстремист ва террорист киҳоянд ва дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад тақсим гардида, ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, барои дарёфти ҷойи кор бо музди меҳнати арзанда дар ширкатҳои бузурги дохили кишвар, тавсияҳои муфид дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират