Гурӯҳи корӣ Хадамоти муҳоҷират корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе идома дода истодаанд.
Зимни мулоқоту суҳбатҳо бо шаҳрвандон гурӯҳи кории Хадамот, ки ба он муовини сардори раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсус Раҳмонзода А., сардори шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ Қурбонов Ҳ., мутахассиси пешбари раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсус Ҷамолиддинзода Ҳ. шомиланд, оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират сухан ронда қайд карданд, ки шахсоне, ки ба Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ сафар доранд, ҳангоми убури сарҳади ин кишвар, ба сарҳадчиён маълумоти равшан пешниҳод намоянд ва ба саволҳои онҳо ҷавоб диҳанд:
- Барои чӣ ва чаро ба Федератсияи Россия парвоз кардед (кор?, табобат?, меҳмонӣ?)
- Дар куҷо истиқомат мекунед дар ФР, суроға?
- Ҷои тасдиқи аниқ дошта бошед, дар ҷойи кор ё суроғаи дигаре, ки ба куҷо меравед, шуморо ки интизор аст?
Ҳама ҳуҷҷатҳо ва мусофирон бояд дуруст бошанд ва мувофиқи он аломатгузорӣ карда шаванд!
Мусофирон бояд ба таври возеҳ ва дилпурона суҳбатро бо кормандони сарҳадчиёни рус гузаронанд ва маълумоти боэътимодро пешниҳод кунанд.
Бояд тазаккур дод, ки суҳбат бо забони русӣ амалӣ мегардад.
Ҳамзамон дар рафти суҳбат ба ҳозирин, оиди иҷрои дастурҳои роҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизми динӣ, риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ иборат буд.
Дар мулоқот масъалаҳои таҳдидовари фазои динии мамлакат, ифротгароӣ ва терроризми динӣ, таълими ғайриқонунии динӣ, хурофот, таассуби динӣ, рафтори ғайриахлоқии муллоҳои фолбину ҷодугар, зиёдаравӣ дар риояи маросими ҳаҷ ва умра, бегонапарастии фарҳангию эътиқодӣ, муносибати нодуруст бо қонунҳои миллӣ ва дуршавӣ аз мазҳаби аҷдодии Имоми Аъзам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар хатми суҳбатҳо ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ: Тундагро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист? Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?, Китобчаи кисагии муҳоҷири меҳнатӣ, Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) тақсим карда шуд
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират