Гурӯҳи корӣ Хадамоти муҳоҷират корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ҳамоно идома дода истодаанд.
Дар суҳбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ, гурӯҳи кории Хадамот, ки ба он директори Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри душанбе Акбаров Х., ва мутахассиси пешбари бахши робита бо ҷомеа Миралиев М., шомил буданд, он нафароне, ки тавассути парвоз ба минтақаҳои гуногуни кишвари Федератсияи Россия сафар мекунанд бори дигар таъкид карда шуд, ки давоми як ҳафтаи охир фишор болои муҳоҷирони корӣ дар Россия зиёд шуда истодааст.
Барои вуруди шаҳрвандон ба ҳудуди ин кишвар монеаҳои зиёд эҷод гардиданд. Ба садҳо муҳоҷирони корӣ дар фурудгоҳҳои Россия иҷозаи вуруд надода онҳоро бозпас ба ватан фиристоданд.
Аз ин лиҳоз, аз ҳозирин хоҳиш карда шуд, ки то анҷоми чорабиниҳои сиёсии кишвари Россия (9-май, инаугурация – савганд ёдкунӣ) тавонанд сафари худро ба Федератсияи Россия мавқуф гузоранд.
Дар рафти мулоқот бо шаҳрвандон, гурӯҳи кории Хадамот бори дигар оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират сухан ронда қайд карданд, ки шахсоне, ки ба Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ сафар доранд, ҳангоми убури сарҳади ин кишвар, ба сарҳадчиён маълумоти равшан пешниҳод намоянд ва ба саволҳои онҳо ҷавобҳои аниқ диҳанд.
Инчунин, пеш аз сафар ба ин кишвар забони давлатии онро дар сатҳи муошират донанд, касби муносиб дошта бошанд ва қонунҳои будубоши ин кишваро риоя намоянд.
Ҳангоми ба кишвари Россия ворид шудан, ҳатман гирифтани патент, қайди муваққатӣ, шартномаи меҳнатӣ бастан бо кордиҳанда ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз фаромӯш накунанд.
Дар ин робита, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат тавсия медиҳад, ки аз сафар ба қаламрави Россия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат муваққатан худдорӣ намоянд.
Дар фарҷоми суҳбатҳо ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ: Тундагро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист? Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?, Китобчаи кисагии муҳоҷири меҳнатӣ, Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират