Гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро бо муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари хориҷи кишвар доранд, ҳамарӯза давом дода истодаанд.
Ба гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират, ки мутахассиси пешбари Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Назаров Б., ва мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ Фатҳиддинзода А., шомиланд, дар суҳбат бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ оид ба вазъи имрӯза дар кишвари Федератсияи Россия ва қонунгузории нав дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла, қайд карданд, ки сафари худро ба ин кишвар муваққатан нигоҳ доранд.
Дар ин робита, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат тавсия медиҳад, ки аз сафар ба қаламрави Россия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат муваққатан худдорӣ намоянд.
Инчунин, дар рафти суҳбат ба диққати шаҳрвандон расонида шуд, ки имрӯз созмону гурӯҳҳои террористӣ дар байни халқиятҳои гуногуни ин кишвар тухми нифоқ, мекоранд ва барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз имкониятҳои технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ васеъ истифода мебаранд.
Бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ваъдаҳои бардурӯғи онҳо боварӣ ҳосил накунанд.
Дар рафти суҳбат бо чанд нафар шаҳрвандони мамлакат, ки бо роҳи маъмурӣ аз кишвари Россия берун карда шуда буданд, суҳбат намуда, ба онҳо тавсия доданд, ки руҳафтода нашуда ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намуда дар дохили кишвар соҳиби ҷойи кории холӣ гарданд.
Аз ҷумла, онҳо метавонанд дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун” фаъолияти меҳнатии худро идома диҳанд.
Дар фарҷом ба шаҳрвандоне, ки азми сафар доранд буклетҳои роҳнамои Хадамоти муҳоҷират бо номи:
Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), Тағйиротҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия, Тундгаро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист? Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?, Китобчаи киссагии муҳоҷири меҳнатӣ ва Ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар ҶСК “НБО Роғун” тақсим карда шуд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират