Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб оиди тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” вобаста ба муҳоҷиратӣ бехатар, пешгирии пайвастани муҳоҷирон ба сафи гурӯҳҳои ифротгароии динӣ, савдои одамон ва қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, ҷоннок намуда истодаанд.
Дар рафти вохӯриву мулоқотҳо, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида шуд, ки дар асоси Қонуни Федератсияи Россия № 274 ФЗ аз 1 июли 2021 соли “Дар бораи ворид кардани тағйирот ба Қонуни Федералӣ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” ва Қонуни Федералӣ “Дар бораи бақайдгирии давлатӣ – дактилоскопӣ дар Федератсияи Россия”, ки аз 29 декабри 2021 сол ба иҷро даромад, фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ аз синни 6 сола вазифадоранд тартиби дактилоскопия (супоридани изи ангуштон) ва аксбардориро гузаранд.
Ҳамзамон, мувофиқи Қонуни Федералии Федератсияи Россия аз 18.07.2006, № 109-ФЗ, моддаҳои 20-22 “Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия”, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла кӯдакони ноболиғ, уҳдадоранд, ки дар қаламрави Россия ба қайди ҷойи иқомат гузошта шаванд.
Агар кӯдак ҳамроҳи падару модар ё намояндагони қонунии худ ворид гардад, ӯ дар ҳамон суроғае ба қайд гирифта мешавад, ки падару модар (ё намояндаи қонуниаш) сабт шудааст. Ҳамаи амалҳои зарурӣ барои гузоштани кӯдак ба қайди муҳоҷиратиро падару модар ё намояндагони қонунии ӯ иҷро мекунанд.
Дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи бақайдгирии муҳоҷиратӣ метавонанд чораҳои масъулияти маъмурӣ татбиқ шаванд: ҷаримаҳои маъмурӣ, ва дар ҳолатҳои ҷудогона — хориҷ намудан (депортатсия) аз қаламрави Федератсияи Россия.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ қайд гардид, ки имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолият доранд, ки ҳадафи ин гурӯҳҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ буда, барои шомил кардан онҳоро ба сафи худ кӯшиш менамоянд, ба табақаи муайяни аҳолӣ рӯ биёранд, ки инҳоро ҷавонон, шахсони бекори ниёзманд, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони ба маблағ ниёз дошта, дорои саҳияи пасти дониш ва маърифати ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд.
Инчунин, даъват ба амал оварда шуд, ки дар давлати бегона эҳтиёткориро аз даст надода, фарҳангу тамаддуни миллати хешро ҳифз намуда, қонунҳои буду боши муҳоҷирати меҳнатиро риоя намоянд.
Дигар масъалае, ки ба саҳми шаҳрвандон расонида шуд, ин ҳодисаҳои рух додани савдои одамон ва одамрабоӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки дар хориҷи кишвар ба чунин ҳолатҳо низ дучор шудан аз эҳтимол дур нест. Барои пулу маблағ ва истифода бурдани қувваи кории арзон шуда, гурӯҳҳои одамрабо шахсро ба ғуломӣ мефурӯшанд. Бинобар ин, бо шахсони ношинос ва шубҳанок, ки шуморо ҷойи кори хубу маблағи калон ваъда мекунанд ҳаргиз бовар накарда тибқи шартнома бо корфармоёни аслӣ кору фаъолият кардан лозим аст.
Дигар мавзуе, ки шаҳрвандони мамлакат бояд донанду эҳтиёткор бошанд, ин бемории сироятӣ мебошад. Омили асосии он бе эҳтиётӣ ва надонистани чораҳои пешгирӣ аз сироятёбии он буда, тибқи хулосаи мутахассисон, хатари сироятёбӣ аз ин беморӣ дар давраи муҳоҷирати меҳнатӣ бештар ҷой дошта, он тавассути хунгузаронӣ, алоқаи ҷинсӣ ва аз ин шири модари сироятёфта ба кудак мегузарад. Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва аҳли ҷомеа барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин беморӣ барномаҳои мушаххасро татбиқ намуда истодааст. Ташхису табобат аз ин беморӣ дар қаламрави тамоми ҷумҳурӣ имкон дошта, он ройгон мебошад.
Бинобар ин аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз хатари сироятёбии бемории вируси норасоии масунияти одам ва воситаҳои пешгирии он дар марказҳои тиббӣ огоҳӣ пайдо намуда, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан худро аз он эҳтиёт намоянд ва дар бозгашт, ҳатман аз ташхиси бемории мазкур гузаранд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба суолҳои сершумори шаҳрвандон ҷавобҳои қонатбахш дода шуд, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон