Кормандони масъули бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандони мамлакат -муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар, ки тавассути парвоз мехоҳанд ба кишвари Россия сафар кунанд, идома дода истодаанд.
Дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон оид ба қонунгузории нави кишвари Россия сухан ронда, қайд карданд, шахсоне, ки ба Федератсияи Россия парвоз мекунанд, ҳангоми ба фурудгоҳи ин кишвар дохил шудан, ҳатман маълумоти дақиқро бояд донанд. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд дар суҳбат бо кормандони назди сарҳадии Россия ба саволҳои додаи онҳо ҷавобҳои мушаххас диҳанд. Аз қабили: Барои чӣ, ва чаро ба Федератсияи Россия парвоз кардед (кор?, табобат?, меҳмонӣ?); Дар куҷо истиқомат мекунед дар ФР, суроға; Ҷойи тасдиқи аник дошта бошед, дар ҷойи кор, табобат ё суроғаи дигаре, ки ба куҷо меравед, шуморо ки интизор аст.
Ҳама ҳуҷҷатҳои мусофират бояд дуруст бошанд ва мувофиқи он аломатгузорӣ карда шаванд. Мусофирон бояд ба таври возеҳ ва дилпурона суҳбатро бо кормандони назди сарҳадии Россия гузаронанд ва маълумоти боэътимодро пешниҳод намоянд. Бояд тазаккур дод, ки суҳбат бо забони русӣ амалӣ мешавад.
Дар ин робита, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат тавсия медиҳад, ки аз сафар ба қаламрави Россия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат муваққатан худдорӣ намоянд.
Дар хатми суҳбатҳо ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ: Тундагро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист? Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?, Китобчаи кисагии муҳоҷири меҳнатӣ, Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) тақсим карда шуд.
Бахши Хадамоти мухочират дар шахри Бохтар