Дар нимаи дуюми рӯзи 1 майи соли равон гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират таҳти роҳбарии Сардори Хадамот Нодирзода Иматшо ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Дар доираи мулоқот ба шаҳрвандон вобаста ба сафари бехатар ба Федератсияи Россия, инчунин, пешгирӣ кардани гароиши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрав иброзӣ, назар карда шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки Федератсияи Россия кишвари сермиллат буда, садҳо ҳамватанони мо бо меҳнати ҳалол ва софдилона дар ин мамлакат фаъолият мекунанд.
Мутаассифона, бештари шаҳрвандони мо дидаву дониста ба қонунвайрокунии кишвари қабулкунанда даст мезананд.
Дар натиҷа, воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ мегардад.
Инчунин, муайян карда шуд, ки яке аз сабабҳои берун намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Федератсияи Россия, ин иваз намудани ному насаби онҳо баъд аз хориҷ гардиданашон мебошад.
Инчунин, ба диққати шаҳрвандон расонида шуд, ки имрӯз созмону гурӯҳҳои террористӣ дар байни халқиятҳои гуногуни ин кишвар тухми нифоқ, мекоранд ва барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз имкониятҳои технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ васеъ истифода мебаранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба таъкид карданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм мебошанд.
Дар ин радиф, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили терроризму эктремизм, ва ҷаҳолату хуруфот, ки ба амнияту осоиштагии кишвар халал ворид менамоянд, тадбирҳои заруриро мунтазам роҳандозӣ менамояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби муҳоҷирон ба гурӯҳи корӣ саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посухи мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон ба диққати шаҳрвандон расониданием, ки шахсоне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия парвоз мекунанд, ҳангоми убури сарҳади ин кишвар, ба кормандони назди сарҳадии Россия маълумоти равшан пешниҳод намоянд ва ба саволҳои онҳо ҷавоб диҳанд:
Барои чӣ ва чаро ба Федератсияи Россия парвоз кардед (кор?, табобат?, меҳмонӣ?);
Дар куҷо истиқомат мекунед дар ФР, суроға; Ҷойи тасдиқи аниқ дошта бошед, дар ҷойи кор ё суроғаи дигаре, ки ба куҷо меравед, шуморо ки интизор аст?
Ҳама ҳуҷҷатҳо ва мусофирон бояд дуруст бошанд ва мувофиқи он аломатгузорӣ карда шаванд! Мусофирон бояд ба таври возеҳ ва дилпурона суҳбатро бо кормандони назди сарҳадии Россия гузаронанд ва маълумоти боэътимодро пешниҳод кунанд.
Дар ин робита, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат тавсия медиҳад, ки аз сафар ба қаламрави Россия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат муваққатан худдорӣ намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират