Бо мақсади пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар, кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба кишвари Федератсияи Россия сафар доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ба самъи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонида шуд, ки Президенти Россия Владимир Путин 30.12.2024 сол, Фармони №1126 -ро ба имзо расонд, ки баъзеҳо онро дар расонаҳо авф ҳам гуфтанд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Россия қарор доранд, бояд то охири моҳи апрели соли 2025 мақоми худро қонунӣ гардонанд ё кишварро тарк кунанд.
Ҳуҷҷат таъкид мекунад, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқ барои ихтиёран баромадан аз қаламрави Федератсияи Россия ё қонунигардонии ҳуҷҷатҳои будубош дар давраи аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 дода мешавад.
Ҳамзамон, дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Дар охир ба суолҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас дода шуда, ба онҳо брошюраҳои Хадамоти муҳоҷират оид ба “Тундгаро, экстремист ва терорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист?”, “Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?” ва дигар буклетҳо тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират