Бо мақсади пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар, кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба кишвари Россия сафар доранд, корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти хоса дорад.
Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Қайд шуд, ки зарур аст ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо ҷалб карда шаванд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Ҳамзамон, дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд. Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе