Ҳамарӯза кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе корҳои иттилоотӣ-маърифатиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда истодаанд.
Мақсади асосӣ ин баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Россия мебошад.
Дар рафти суҳбату вохӯрӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми вуруд ба Федератсияи Россия бояд корти муҳоҷиратро (ба таври худкор ё дастӣ) бо забони русӣ ё бо ҳарфҳои лотинӣ мувофиқи маълумоти дар шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият пур намоед.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уҳдадории бақайдгирӣ дар маҳали будубош дар муҳлати 15 рӯз аз рӯзи убури сарҳади давлатии ФР барои бақайдгирии муҳоҷират дар маҳали будубош, корти муҳоҷират ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти онҳо озод карда мешаванд.
Баъди аз ҷониби қабулкунанда иҷрои уҳдадории бақайдгирии шаҳрванди хориҷӣ барои бақайдгирии муҳоҷират дар маҳали будубош ба ӯ қисми ҷудошудаи огоҳиномаи омадан ба суроғаи нишонае дода мешавад, ки қайди ӯро дар муҳоҷират тасдиқ мекунад.
Инчунин, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад ба ҷойи будубош шахсан ё тавассути маркази бисёрфунксионалӣ ё корхонаи воҳиди давлатии федералии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”- и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, ё ташкилоти ваколатдор, ё дар шакли электронӣ бо истифода аз Портали ягона дар ҳолатҳои зерин ба мақомоти сабти муҳоҷират дар бораи омадан мустақилона хабар диҳад:
– дар сурати мавчуд будани сабабҳои узрнок, ки ба тарафи кабулкунанда барои фиристодани огоҳиномаи омадан монеъ мешаванд;
– агар моликияти бинои истиқоматӣ мавҷуд бошад, ки онҳо воқеан дар он зиндагӣ мекунанд;
– ҳангоми бастани шартномаи иҷораи биноҳои истиқоматӣ бо тарафи қабулкунанда.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешаванд, вазифадоранд дар давоми 30 – рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шудан ё ҳангоми муроҷиат барои гирифтани Патент аз қайди ҳатмии давлатии изи ангушт, аксбардорӣ ва муоинаи тиббӣ гузаранд.
Шахсоне, ки ба муҳлати дароз (зиёда аз 90 рӯз) бо мақсадҳои дигар меоянд – дар давоми 90 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шудан.
Иҷро накардани уҳдадориҳои дар боло зикршуда боиси кам кардани муҳлати будубоши муваққатӣ дар Федератсияи Россия ва зарурати сафар берун аз Федератсияи Россия мегардад.
Шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд, ки барои гузаштан аз сабти изи ангушт ва аксбардорӣ ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Россия ё корхонаи воҳиди давлатии федералии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”- и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ё ташкилоти ваколатдори шаҳри Москва муроҷиат кунанд, инчунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии ҳатмии давлатии изи ангушт ва аксбардориро гиранд.
Аз 7 январи соли 2024, тибқи қонунгузории Россия, ҳар як шаҳрванди хориҷӣ вазифадор аст, ки дар бораи ба кор қабул шудан ба мақомоти корҳои дохилӣ огоҳинома пешниҳод намояд, ки маълумот дар бораи ҷойи кор ва корфармо (аз ҷумла дар ҳолати бастани шартномаи меҳнатӣ бо шахси воқеӣ, ҳатто агар шартнома шифоҳӣ баста шуда бошад).
Пешниҳод накардани чунин огоҳинома боиси бозхонди Патент мегардад.
Огоҳинома метавонад шахсан тавассути шуъбаи муҳоҷират ё тавассути почта бо тасдиқи таҳвил, инчунин тавассути Портали ягона тавассути электронӣ пешниҳод карда шавад.
Шаҳрванди хориҷӣ, ки ба Федератсияи Россия бо мақсадҳои ба фаъолияти меҳнатӣ алоқаманд набуда, бо тарзе, ки раводид талаб намекунад, омадааст, ҳуқуқ дорад бидуни тарк кардани Федератсияи Россия мақсади сафар ба Федератсияи Россияро барои фаъолияти корӣ тағйир диҳад, ки вай дар ариза дар бораи додани Патент нишон медихад.
Шаҳрванди хориҷӣ, ки муваққатан дар Федератсияи Россия қарор дорад, вазифадор аст, ки то ба охир расидани муҳлати будубоши муваққатии худ, ба истиснои ҳолатҳое, ки муҳлати будубоши муваққатии ӯ тамдид карда шудааст, аз Федератсияи Россия берун равад.
Муҳлати будубоши муваққатӣ дар Федератсияи Россия ҳангоми омӯзиш дар асоси ариза дар ҳар шакл ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хатми таълим дар қаламрави Федератсияи Россия тамдид карда мешавад.
Дар сурати ворид шудан ба Федератсияи Россия аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истиқомати муваққатӣ ё доимӣ дар Федератсияи Россия, ӯ ҳуқуқ дорад барои гирифтани маълумот бештар ба шуъбаи муҳоҷирати ВКД Россия ё корхонаи воҳиди давлатии федералии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”- и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ё ташкилоти ваколатдор ҳудуди шаҳри Маскав муроҷиат намояд.
Ҳамзамон, шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани маълумоти бештар ба Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо телефони 250-32-40; 250-32-09 муроҷиат намоянд.
Инчунин, ба Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд:
Минтақаи марказӣ (вилояти Москва)
1. Азимӣ Дилрабо Амиркул + 7 (495) 967-98-44 prmstj@mail.ru
2, Вализода Назарали Нурали +7 (967) 271-02-02 prmstj@mail.ru
3. Холназаров Ромиш Имомназарович +7 (929) 540-88-88 prmstj@mail.ru
4. Зарифов Бахтиёр Тугайевич +7 (495) 967-98-44 .prmstj@mail.ru
5. Дустов Комрон Сайдахмадович+7 (988) 676-00-00 prmstj@mail.ru
6. Амирхонзода Субхон Бахрон +7 (966) 031-22-22 prmstj@mail.ru
7. Холов Довар Мирзоёрович +7 (936) 174-19-92 prmstj@mail.ru
Минтақаи Урал
Минтақаи Сибир
Юсуфалиев Баҳром Равшанхонович+7(929) 388-54-11 bahrom.yusufaliev1972@mail.ru
Минтақаи Приволжск
Курбонализода Зафар Курбонали +7 (926) 311-52-53 zafarmuhojirat@mail.ru
Минтақаи шимолу ғарбӣ (Санкт-Петербург)
Джонмахмадов Фурузон Фархудинович
+7 (977) 963-25-69 jonmahmadovfuruzon@gmail.com
Минтақаи Ҷануб (Краснодар)
Мирзозода Хуршед Насриддин +7 (996) 120-77-77 hursedm129@gmail.com
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатї ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як ќатор шањрвандон буклетњои роњнамои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таќсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират