Кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар, корҳои фаҳмондадиҳӣ-маърифатӣ гузаронида истодаанд.
Дар рафти суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ба диққати онҳо расонида шуд, ки агар ғайриқонунӣ дар кишвари иқомат фаъолият доред ё имкони тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмиро надоштед ва дар ин самт ҳамеша мушкилӣ пеш меомад, тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 имкон доред, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошатонро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият ва будубош намоед.
Вобаста ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар ин давра ба шуъбаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, филиалҳои Корхонаи федералии воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намоед.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоед:
Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират tajmigration.ru ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj истифода намоед. Бояд тазаккур дод, ки бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират