Ҳамарӯза кормандони дастгоҳи марказӣ ва раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда истодаанд.
Мақсади асосӣ ин баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Россия мебошад.
Дар рафти суҳбату вохӯрӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми вуруд ба Федератсияи Россия бояд корти муҳоҷиратро (ба таври худкор ё дастӣ) бо забони русӣ ё бо ҳарфҳои лотинӣ мувофиқи маълумоти дар шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият пур кунад.
Инчунин, ба ҳозирин дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, шубҳанок ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас доранд ва барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар мекунанд.
Дар рафти суҳбату мулоқот, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷойи кор, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Ҳамчунин, ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки вақти холии худро муфид истифода баранд, аҳли хонаводаашонро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономӯзӣ, ки ройгон мебошанд ҷалб намоянд, ба осорхона, театр, китобхона ташриф оранд ва барои соҳиб шудан ба касбҳои серталабот ба курсҳои бозомӯзӣ раванд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон брошюра ва раҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират