• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе

Migration Service by Migration Service
07.08.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Федератсияи Россия сафар менамоянд пеш аз сафар бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, дастурҳои муфид доданд.

Бояд тазаккур дод, ки мақсад аз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби ҳайати гурӯҳи кории Хадамот ва раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, ин пеш аз ҳама ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари қабулкунанда аз чи бояд огоҳ бошанду, чиро бояд донанд.

Дар рафти суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон, аз ҷумла, қайд гардид, ки донтани ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбӣ, тарзи гирифтани Патент ва бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ҳатмӣ буда, ҷиҳати пешгирии шомил шудани ҷавонону шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, экстремизм ва терроризм маслиҳатҳои муфид дода, даъват ба амал овард, ки дар дохил ва хориҷи кишвар бояд ҳар як фарди ҷомеаи имрӯза барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд.

Ҳамзамон ба саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки дар хориҷи кишвар худро аз таъсири ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию эктремистӣ, рӯ овардан ба фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткор дар канор гирифтан зарур аст, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи даъватҳои таблиғотӣ, истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ, шабакаҳои интернетӣ, одноклассник, фейсбук ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил намоянд.

Бо назардошти ин ба ҳозирин таъкид гардид, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткориро аз даст надода, кӯшиш намоед мушкилоти худро дар Сафорату Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қарордошта ва мақомотҳои дахлдори қудратии Федератсияи Россия ҳал намоед .

Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ – маърифатӣ, буклетҳои роҳнамоии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати бехатар, тундгаро, эктремист ва террорист киҳоянд ва дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад тақсим гардида, ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, барои дарёфти ҷойи кор бо музди меҳнати арзанда дар ширкатҳои бузурги дохили кишвар, тавсияҳои муфид дода шуд.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар шаҳри Исфара

Next Post

Дар муҳоҷирати меҳнатӣ эҳтиёт бошед

Next Post
Дар муҳоҷирати меҳнатӣ эҳтиёт бошед

Дар муҳоҷирати меҳнатӣ эҳтиёт бошед

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.