• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар “Истгоҳи роҳи оҳан”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  

Migration Service by Migration Service
21.07.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар “Истгоҳи роҳи оҳан”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ҷиҳати пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш аз сафар бо шаҳрвандон дар “Истгоҳи роҳи оҳан”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки тавассути қатора ба шаҳри Волгогради кишвари Россия сафар менамуданд, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Масъулин  ба  шаҳрванднон доир ба навовариҳои қонунҳои амалкунанда дар Федератсияи Россия суҳбат намуда,  қайд карданд,  ки шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, танҳо 2 моҳ барои танзими мақоми ҳуқуқии худ ё хориҷ шудан аз қаламрави Россия дар ихтиёр доранд.

Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Россия дар оянда татбиқ мегарданд.

Хотиррасон менамоем, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони №1126, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад. Пас аз 10 сентябри соли 2025 танзими мақоми ҳуқуқӣ ғайриимкон мегардад.

Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Россия, шаҳрвандони зикршуда бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ муроҷиат намоянд ба:

1. Ҳар як филиали ФГУП “ПВС” ВКД Россия (дар ҷои иқомати воқеӣ);

2. МБМ “Сахарово”- и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Москва иқомат доранд);

3. Наздиктарин шуъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия (дар ҳолати дурии ҷуғрофӣ аз ин ташкилотҳо, дар ҳолатҳои душвор ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқӣ бевосита аз кормандони пулис).

Ҳамзамон, ба маълумоти шаҳрвандон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Истиқлол

Next Post

Истиқлоли давлатӣ – кафолати миллӣ

Next Post
Истиқлоли давлатӣ – кафолати миллӣ

Истиқлоли давлатӣ – кафолати миллӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.