• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Истгоҳи Роҳи оҳани Хуҷанд” идома дорад

Migration Service by Migration Service
26.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Истгоҳи Роҳи оҳани Хуҷанд” идома дорад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо мақсади пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар, кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” дар якҷоягӣ бо бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бустон дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд” бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тавассути қатора ба кишвари Россия сафар доранд, корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ баргузор намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар бораи қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия вобаста ба муҳоҷират суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки қисми зиёди шаҳрвандони мо аз сабаби надонистани қонуну қоидаҳои кишвари қабулкунанда, яъне надонистани забон, надоштани касбу ҳунар ба мушкилиҳои зиёд дучор шуда дар охир фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб мегарданд ё ин,  ки аз қаламрави Федератсияи Россия берун карда мешаванд.

Ҳамзамон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дода шуд, ки ҳангоми вуруд ба Федератсияи Россия аз қонунҳои нав ворид гардида, огоҳ бошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонии хориҷӣ аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст ва тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, №272 ба фармони қабли тағйирот ворид гардида, шаҳрвандон метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро дар кишвари иқомат муайян намуда, ҳуҷҷатҳои худро расман ба қайд гузоранд.

Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.

Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағийротҳои охир дар қонунгузории кишвари иқомат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд.

Инчунин, ба шаҳрвандон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистидошта, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, хатари бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои сияротшавии шаҳрвандон машварат дода шуд.

Аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба мушкилоти муҳоҷиратӣ, тағйиротҳо дар самти қонунгузории кишвари иқомат саволҳо дода шуда, ба онҳо масъулини Хадамоти муҳоҷират посухҳои мушаххас гардониданд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Чорабиниҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Истаравшан,  ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов

Next Post

Мулоқоти судманд бо хатмкунандагони Литсейи касбӣ  техникии сохтмонии шаҳри Кӯлоб

Next Post
Мулоқоти судманд бо хатмкунандагони Литсейи касбӣ  техникии сохтмонии шаҳри Кӯлоб

Мулоқоти судманд бо хатмкунандагони Литсейи касбӣ  техникии сохтмонии шаҳри Кӯлоб

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.