Бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотӣ дар миёни шаҳрвандон, аз ҷумла табибон, оид ба тағйиротҳои қонунгузории кишвари қабулкунанда ФР дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Назарова Сулҳия якҷоя бо намояндаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Мамадҷонова Ойсара дар Ҷамоати деҳоти Ориён баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки шаҳрвандоне, ки бо кӯдакони ноболиғ вориди қаламрави Федератсияи Россия мегарданд, онҳоро зарур аст, талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро нисбати ноболиғон риоя намоянд. Дар қаламрави Федератсияи Россия кӯдакони ноболиғ ҳамроҳ бо яке аз волидон бояд дар қайди муҳоҷиратӣ гузошта шавад. Қонунгузории Россия номнавишти муҳоҷиратии кӯдакони ноболиғро бо яке аз волидайни он иҷозат медиҳад.
Номнавишти муҳоҷиратии ноболиғон дар асоси аризаи волидайн ё яке аз шахсони парастори кӯдаки ноболиғ дар мақомоти марбутаи муҳоҷиратии кишвари иқомат амалӣ карда мешавад. Бақайдгирӣ дар Федератсияи Россия дар асоси розигии соҳибмулк ва волидайни кӯдак сурат мегирад. Ё ин ки, дар асоси пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи будубоши кӯдаки ноболиғ дар ҷойи иқомати муваққатии шаҳрванд ба қайд гирифта мешавад.
Тибқи меъёрҳои нави қонунгузории кишвари иқомат дар ҳолати надоштани қайди муваққатии шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна ба таҳсил фаро гирифта намешаванд.
Инчунин, ба иштирокдорон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистидошта, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, хатари бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои сироятшавии шаҳрвандон машварат дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд