Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара вохӯрии навбатӣ бо иштироки 30 нафар фаолзанҳо баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб оид ба мӯҳтавои Паёми Сарвари давлат, пешгирии шомилшавии гурӯҳҳои ифротгаро ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони баргашта, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, мубориза бар зидди коррупсия, рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” доир гашт.
Дар вохӯрӣ мутахассиси пешбари шуъба Самиева Н., бобати масъалаҳои болозикр суханронӣ намуда, оид ба вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, инчунин оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баромад намуд.
Дар фарҷом ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуда ба ҳар яки онҳо варақаҳои иттилоотӣ – маърифатӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд