Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мулоқоти судманд бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз маҳаллаи №4 баргузор намуданд.
Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии савдои одамон, омодагии пеш аз сафар, муҳоҷирати бехатар, инчунин, пешгирии хуруфотпарастӣ тарғиби либосҳои миллӣ, суханронӣ намуданд.
Дар рафти чорабинӣ кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Дар фарҷом ба ҳар як иштирокчӣ варақаҳои иттилоотӣ – маърифатӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд