Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар Ҷамоати деҳоти Гулхона деҳаи А. Назаров вохӯрии судманд бо сокинони ҷамоат, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Саидов С., оид ба мавзуъҳои пешгирӣ содиршавии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, маърифати сиёсию-ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо, ҷалби саривақтии ҷавонон барои даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмонида додани моҳият ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи кӯдак” ва ҳамчунин оид ба муҳоҷирати бехатар, қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин вохӯрии судманд дар дигар маҳалла ва ҷамоатҳои ноҳия мунтазам гузаронида мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

