Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров дар масчиди ҷомеаи Ҳоҷи Назари шаҳраки Гафуров вохӯрӣ бо сокинон баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Юлдошев Ғолибҷон ба диққати сокинон расонид, ки ба қонунҳои федералӣ оид ба будубоши шаҳрвадони хориҷӣ дар Федератсияи Россия тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо мекунанд. Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия (ФР) низоми махсуси ихроҷ (депортатсия)-ро ҷорӣ намуда, ба “рӯйхати шахсони назоратшаванда” зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудаанд.
Шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор доранд, бояд худро то 1 апрели соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати ФР муроҷиат намуда, ба қайди қонунӣ гиранд ё қаламрави ин давлатро тарк намоянд. Дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан шаҳрванд ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда (депортатсия) ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳанд.
Агар шаҳрвандоне, ки дар руйхати мазкур қарор дошта бошанд ва ФР-ро бо хоҳиши худ тарк кардаанд, ихроҷ (депортатсия) шудаанд ё дар қаламрави Тоҷикистон ё дигар давлат қарор дошта бошанд, нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад бо мақсади аз рӯйхати мазкур баровардан ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд. Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави ФР қарор доранд, метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират tajmigration.ru ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj истифода намоянд.Бояд тазаккур дод, ки чунин вохӯриҳо дар дигар Ҷамоат ва маҳаллаҳо баргузор карда мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд