Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар ҳуҷраи корӣ бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ, дохилӣ ва экологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Зиёзода Д., қайд намуд, ки имрӯз ҷавонон дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун нерӯи бузурги зеҳнию ҷисмонӣ, ифодагари давлату миллат ва бунёдкору созанда эътироф гардидаанд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки бархе аз падидаҳои номатлубе, ки дар байни наврасону ҷавонон рӯйи кор меояд, ин ифодагарӣ истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, беназоратии падару модар ва дур аз таълиму тарбия мондан мебошад, ки ин хатари калон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва насли наврас дорад.
Инчунин, дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами №4 Ҷамоати деҳоти Муҷун вохӯри бохонандагону омӯзгорон бо иштироки сармутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дасгоҳи Раиси ноҳия ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия вобаста ба масъалаҳои қонунҳои амалкунанда, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, муҳоҷирати бехатар, терроризм экстремизм, ва рафти амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд