Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар якҷояги бо бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Комиссариати ҳарбии ноҳия, дар деҳаи Имбеф, Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик бо сокинон ва муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ доир намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъулин ба сокинони деҳа оид ба рафти иҷрои нуқтаҳои Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, оиди терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ба халқу миллати мо бегона, инчунин оиди тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва таълимоти ғайри расмии динӣ ва пушидани сару либоси ба мардуми мо бегона вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Дар вохӯри вобаста ба мавзӯъҳои дар боло зикр гардида аз тарафи масъулин маълумотҳои муфид дода шуда иброз намуданд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими ҷашну маросим ва баҳри беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон таҳия шудааст.
Ҳамзамон ҷиҳати ба ноҳияҳои қабулкунанда сафарбар намудани муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ барои оғоз ва идома додани корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматиашон андешаронӣ карда шуда, таъкид карда шуд, ки ҳарчи зудтар корҳои сохтмониро ба итмом расонида ба маҳалли навӣ зисташон кӯчида раванд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд