Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод дар Ҷамоати деҳоти Равшан деҳаи ба номи Одинаев Муҳаммадҷон бо иштироки муовини Раиси ноҳия Умарзода Р., корманди шуъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳия, муовини комисарияти ҳарбии ноҳия Маҳмадзода З., сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Шерали С., мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Солиев М., дар байни аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони ба ватанбаргашта, корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби бе масъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ, побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд.
Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд.
Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.
Барои пойдории сулҳу суббот оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон, фикр мекунем, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар замири ҷавонон тарбият кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки рӯзҳои наздик дар дигар ҷамоат ва маҳаллаҳо гузаронидани чунин чорабиниҳо дар назар аст.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд