Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд бо шаҳрвандоне, ки дар руӣхати шаҳрвандони назоратшаванда қарор доранд якҷоя бо МД “Марказҳои машваратии ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои будубош, гузаронида шуд.
Дар суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағӣироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақаӣдгирӣ, ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қаӣди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуда, ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ, брошюраҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Ҳамзамон, бояд қаӣд кард, ки чунин вохӯриҳо дар ноҳияҳои Деваштич ва Куҳистони Мастчоҳ низ гузаронида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд