• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои  фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд

Migration Service by Migration Service
18.09.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои  фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар маркази шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, фаъолияти кории ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ба омодагии пешакии ӯ вобастагӣ дорад. Агар хохед, ки ҳузури онҳо дар Россия бароятон фоидабахш ва хуш бошад зарур аст, талаботҳои асосиро, ки тибқи қонунгузории кишвари Россия ба шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст, донанд ва риоя намоянд. Қабл аз сафар ҷои мушаххаси зист ва кориашонро муайян кунанд. Бо худ шиносномаи хориҷӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, ҳуҷҷати хизмати ҳарбӣ, диплом, шаҳодатнома оид ба касбу ихтисос, шаҳодатномаи ронандагӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимаро, ки шахсият ва касбу кори онҳоро тасдиқ мекунад, дошта бошад. Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба муҳоҷират, хизмати ҳарбӣ ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Зимни вохурӣ таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ дар миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла муқовимати муассир ба равандҳои ифротгароӣ ва гурӯҳҳои радикалӣ, аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таваҷҷуҳи хос ба нақши муассир ва мутақобилаи оила, мактаб ва ҷомеа дар тарбияи дурусти насли наврас зоҳир гардид.

Айни замон яке аз масъалаҳои муҳими мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти таҳрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ мебошад. Ғайр аз ин, гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ – террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ташвишовар мебошад. Зеро аз муҳити ватани хеш канда шуда, ҷавонон ҳанӯз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккул наёфта, роҳгум мезананд.

Гуфта шуд, варақаҳои муҳоҷиратиро ҳангоми сафар дар дохили шиносномаашон нигоҳ дошта, кӯшиш намоянд, онро гум накунанд. Агар тасодуфан варақаи муҳоҷиратро гум карда бошанд, ҳатман ба мақомоти муҳоҷирати минтақавӣ мувофиқи ҷойи зист, ки онҳоро ба қайд гирифтааст, муроҷиат намоянд. Кормандон мувофиқи қонунгузории амалкунанда вазифадоранд ба онҳо нусхаи дигари варақаи муҳоҷиратиро супоранд ва ҳуқуқҳои онҳоро дар кишварашон таъмин намоянд.

Чунин маслиҳатҳои муфид ба муҳоҷирон барои ташкили дурусти будубош дар кишвари Россия фаҳмонида шуд. Саривақт ҳуҷҷатҳои заруриро омода намоянд, пеш аз ҳама шиносномаи хориҷӣ ё биометрӣ. Агар онҳо алакай шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд, он гоҳ тафтиш кунанд, ки муҳлати амали он на камтар аз як сол боқӣ монда бошад.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар шаҳру ноҳияи Панҷакент ва  Спитамен

Next Post

Муқовимат бо коррупсия ва хавфнокии ин падидаи номатлуб

Next Post
Муқовимат бо коррупсия ва хавфнокии ин падидаи номатлуб

Муқовимат бо коррупсия ва хавфнокии ин падидаи номатлуб

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.