Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар бозори “Панҷшанбе” бо шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ қонунҳои нави кишвари Россия вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии ҷомеъа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Ватан боз гаштанд, доир ба эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватан, ҳимояи он аз таҳдиди хатарҳои муосир, мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар суҳбат бо шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оиди донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм, муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуда, ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки аксарияти муҳоҷирони мо аз сабаби надонистани қонуну қоидаи кишвари қабулкунанда, яъне забон, надоштани касбу ҳунар ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ шуда, оқибат фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бадхоҳон гардида, аз қаламрави ФР ронда мешаванд.
Ҳамчунин, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ суҳбат намуда, дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.Инчунин, қайд карда шуд, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафҳояшонро талош менамоянд, бахусус бо фиристодани паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоӣ интернетӣ (одноклассники, фейсбук, вайбер ва дигар роҳу усулҳо).
Аз ин хотир ба паёмаку даъватҳои ношинос ва шубҳаовар ҷавоб надода, ба расму видеоҳои хусусияти даъватию таблиғотӣ доштаи онро лайк нагузоред ва дар чунин ҳолатҳо кӯшиш накунед, ки мушкилоти худро ба танҳои ҳал намоед, балки ба воситаи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россияро огоҳ намоянд.
Ба муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид гардид, ки дар муҳоҷират бо истифода аз суғуртаи давлатии кишвари қарордоштаи худ бехатарии вазъи саломати ё дучор гардидан ба ягон ҳодисаи нохушро таъмин намуда, дар доираи шартномаи байни корфармо ва коргар бо қайди нотариалӣ фаъолияти кориро ба роҳ монда, як нусхаи шартномаи ба имзо расидаро бо худ гирад.Ҳамзамон, даъват ба амал оварда шуд, ки дар давлати бегона эҳтиёткориро аз даст надода, фарҳангу тамаддуни миллати хешро ҳифз намуда, қонунҳои будубоши муҳоҷирати меҳнатиро риоя намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд