Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъулин оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои тарбияи кӯдак”, тағйиротҳо ба меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, инчунин оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, таассубу тақлид ба фарҳанги бегона, дуруст ва самаранок истифодабарии шабакаҳои интернетӣ ва роҳ надодан ба зиёдаравию ифротгароӣ, ба роҳ мондани кор дар самти касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ ва бозпасшуда, муҳоҷирати бехатар, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муқовимат ба савдои одамон, пешгирӣ ва эҳтиёт шудан аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, роҳ надодан ба нақзи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандони кишвари қабулкунанда, риояи талаботи қонунгузории кишвари мазкур, роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, суханронӣ намуданд.
Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд