Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент оиди амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021 – 2025 ва ҳамчунин бо дар назардошти нақшаи чорабиниҳои муштарак якҷоя бо шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, шуъбаи кор бо занон ва оила, бахшҳои оид ба танзими дин, анъана ва ҷашну маросим, кор бо ҷавонон ва варзиш, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ дар шаҳри Панҷакент дар маркази шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни сокинон баргузор намуданд.
Дар чорабинии мазкур кормандони шуъбаҳои сохторҳои қудратӣ, ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон, хусусан шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм, соҳибкасб намудани занону бонувони хонашин ва ба ватан баргашта, бо мақсади паст намудани шиддати муҳоҷират дар байни занон, пешгирии савдои одамон, одамрабоӣ (қочоқи инсон) дар хориҷи кишвар, пешгири аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва пешгирии зуроварӣ дар оила, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби коррупсионӣ ба ҳозирин ироа гардид.
Ҳамзамон баромадкунандагон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила – маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила амалишаванда, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудаанд сухан гуфтанд.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии умумишаҳрвандӣ ва риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати қабулкунанда суханронӣ карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин як чорабинии мазкур дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо гузаронида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд