Бо ибтикори Рааёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон ва аъзоёни оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта баргузор гардид.
Дар чорабинии навбатӣ масъулин қайд намуданд, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи имрӯзаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон Тоҷикистон торафт зебову шукуфон гашта ба сокинонаш шароити хуби кору фаъолият ва зиндагии осоишта фароҳам оварда шуд. Зикр шуд, ки аҳолии мамлакат, аз ҷумла ҷавононро месазад дар партави сиёсати Сарвари давлат. муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти созандаро пеш гирифта, ба ҳар гуна фиребу найранг ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ руй наоваранд. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ватану сарзаминамон хизмат намоянд.
Иброз гардид, ки имрӯзҳо дар дунё ба миқдори зиёд гурӯҳҳои ғайриқонунии террористӣ ташкил гардид, ки онҳо фаъолияти хешро паҳн намуда истодаанд ва мақсади асосии онҳо ин ноором намудани вазъ бо истифода аз ғояҳои экстремистӣ ва ҷалби бештари пайравон дар сартосари ҷаҳон мебошад. Дар шароити замони муосир ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ашхоси тундгаро хеле зиёд шуда, хусусиятҳои инсонбандӣ тараққӣ ёфтаааст. Муқовимат бо савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ҳамавақта зери назорати давлату Ҳукумат буда, дар амал татбиқ намудани талаботҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҳар як фарди ҷомеъаи имрӯза аст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд.
Дар давоми чорабинии мазкур мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Ашт Сатторова С., оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории нави Федерасияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қабулкунанда, омодагӣ пеш аз сафар, бақаӣдгирӣ, ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан дар алоҳидагӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт бо сокинон ва аъзои оилаҳои муҳоҷирон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур ба иштирокчиён брошюраҳо ва маъводҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна корҳои номатлуб дастрас карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд