• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар вилояти Суғд бо маром идома дорад

Migration Service by Migration Service
13.08.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар вилояти Суғд бо маром идома дорад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва шуъба ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузаронида истодаанд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии касалиҳои сироятӣ ба монанди ВНМО ва сил, муҳоҷирати бехатар, қонунҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷират ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ба  ҳисоб меравад.

Дар рафти суҳбату вохӯриҳо ба сокинон фаҳмонида мешавад, ки экстремизм ва терроризм ифодаи руҳияи инсон бадбинӣ ва тафриқагузорӣ мебошад. Инсоният аллакай  таҷрибаи муқовимат бо чунин иделогияро пайдо намуда истода, хусусияти дастаҷамъона доштани онро тақвият мебахшад. Вале мутаасифона, баъзе нерӯҳои манфиатдор ба қувват гирифтани идеологияҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, аз ҷумла террористӣ мусоидат намуда, онҳоро ҳимоя мекунад ва бо ин амали хеш хатарҳои ҷиддии эҳтимолиро сари инсоният ба бор меоранд.

Ҳамзамон, шаҳрвандонро таъкид карда шуд, ки аз зудбоварию булҳавасӣ аз паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявӣ ҷавонон истифода набаранд. Худи зархаридӣ – ин ҷиноят ба муқобили сулҳу амнияти инсоният буда, дар м.401 КҶ ҶТ пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи Конвенсия оид ба манъ будани ҷалб кардан, истифода ва таълими зархаридон аз соли 1989, на фақат кирдори зархаридон, инчунин кирдори шахсоне, ки ҷалб, таълим, истифода ва маблағгузарони зархаридонро бо амал мебароранд, ҷиноят эътироф мешавад.

Манъи вуруд ин мушкилие мебошад, ки аксар вақт шаҳрвандони хориҷие, ки дар Федератсияи Россия  зиндагӣ мекунанд, аз он ҷумла, муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо он дучор мегарданд.

“Рӯйхати манъшудагон” рӯйхати шаҳрвандони хориҷӣ мебошад, ки бо ин ё он сабаб вурудашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ карда шудааст.

Шаҳрванди хориҷӣ  дар ҳолати содир намудани ду ва ё зиёда аз он ҳуқуқвайронкунӣ дар қаламрави Россия метавонад ба рӯйхати манъшудагон ворид карда шавад. Инчунин, саривақт набаромадан аз ҳудуди Федератсияи Россия низ метавонад сабаби манъи вуруд гардад, яъне вайрон кардани қоидаи будубош дар давоми 90/365  рӯз мебошад.

Сабабҳои асосии манъ кардани вуруд ба қаламрави ФР инҳо мебошанд:

– Риоя накардани тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ ;

– вайрон кардани қоидаҳо ҳангоми гузаштани сарҳади давлатӣ;

– вайрон кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия;

– пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ;

– пешниҳоди маълумоти бардурӯғ оид ба шахсияти худ;

– мавҷудияти доғи судӣ;

– саркашӣ намудан аз ӯҳдадориҳои андозсупоранда.

Муҳлати манъи вуруд вобаста ба он, ки бо кадом сабаб шаҳрванди хориҷӣ ба ин рӯйхат дохил карда шудааст, гуногун мебошад ва метавонад аз чанд моҳ то 10 солро дар бар гирад.

Хатогиҳои асосие, ки муҳоҷирон ҳангоми муайян намудани мақоми худ мекунанд:

– Барои мустақилона муайян намудани мақоми худ аз манбаъҳои ройгони онлайн истифода намебаранд, балки вақт ва маблағҳои иловагиро барои муайян намудани мақоми худ тавассути мақомоти ғайрирасмӣ ва миёнаравҳо сарф менамоянд;

– Ҳангоми муайян намудани мақом ва манъи вуруд ба маълумоте, ки аз манбаъҳо ва шахсони ғайрирасмӣ (масалан, дар авиакассаҳо) гирифташуда бовар мекунанд, ки он танҳо хусусияти маълумотӣ дошта, аҳамияти ҳуқуқӣ надорад;

– Бидуни муайян намудани мақоми худ оид ба манъи вуруд ба ФР, чипта мехаранд ва ба сафар омодагӣ мебинанд, ки ҳангоми гузаштани сарҳад ва дар ҳолати муайян намудани ин вазъият аллакай дар маҳалли будубош, боиси як қатор мушкилот мегардад;

Қонунро риоя накарда, бо ҳар гуна роҳ шиносномаи нав (бо роҳи иваз намудани номи худ) мегиранд, то ки аз санҷиш аз рӯйхати манъшудагон бе ягон монеа гузаранд. Дар фарҷоми ҳар як чорабинӣ ба сокинони вилоят варақаҳои иттилоотӣ ва раҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда мешавад.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Рафти корҳои сохтмонии муҳоҷирони экологии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ноҳияи Зафаробод

Next Post

Идомаи баргузории вохӯриҳо дар ноҳияи Темурмалик

Next Post
Идомаи баргузории вохӯриҳо дар ноҳияи Темурмалик

Идомаи баргузории вохӯриҳо дар ноҳияи Темурмалик

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.