Ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо кормандони МД ”Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари меҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар пеш аз сафар бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ доир ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Дар рафти суҳбату вохӯриҳо қайд кард шуд, ки муҳоҷири бидуни ҳуҷҷат – шаҳрвандест, ки ба кишвар ворид мешавад ва дар қаламрави кишвар бе ҳуҷҷатҳои дахлдор дохил мешавад.
Муҳоҷирон метавонанд бо ду сабаб дар қайди муҳоҷират набошанд.
Аввал, онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият доранд, вале ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи вуруд ва истиқомат дар кишварро надоранд ё чунин ҳуҷҷатҳо қалбакӣ ҳастанд ё беэътибор мебошанд.
Дувум, онҳо ҳеҷ як ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва дигар далоили ҳаққи вуруд ва истиқомат дар кишварро надоранд.
Муҳоҷирони бидуни ҳуҷҷате, ки ҳеҷ як ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоранд, маъмулан душвориҳои зиёд дар дастрасӣ ба хадамоте, ки барои гирифтани иҷозати кор ва ё истиқомат ва ё баргаштан ба кишвари аслро эҳсос мекунанд.
Ҳамзамон ҳангоми суҳбат ба ҳар яки онҳо қоидаҳои будубош дар қаламрави давлатҳои қабулкунанда, аз ҷумла кишвари Россияро риоя намоянд ва обрую нуфузи кишвар Тоҷикистони азизро паст нанамоянд.
Бояд қайд кард, ки ҳамарӯза бурдани корҳоии иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан мунтазам идома дода мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират