Ҷиҳати беҳтар кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба муҳоҷирати бехатар, будубош дар кишвари хориҷа ва омодагӣ пеш аз сафар дар Фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ва Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он, аз ҷумла МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” идома дорад.
Бояд тазаккур дод, ки мақсади асосӣ бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ин баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Россия мебошад.
Кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ дар ҳар як суҳбату мулоқотҳо бо муҳоҷирон – шаҳрвандони ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои тарзи фаъолияти меҳнатӣ, дуруст пур кардани корти муҳоҷират, тартиби расман гирифтани иҷозатнома (патент), муҳлати иҷозатнома, тарзи дароз намудани муҳлати иҷозатнома, арзиши он, гузаштани муоинаи тиббӣ, гирифтани полиси суғуртавӣ, сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида мешавад.
Инчунин, ба шаҳрвандон доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Айни замон, мақсади асосии фаъолияти гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар минтақаҳо ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, кумак ба онҳо ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад ҳамарӯза ҳам дар Фурудгоҳҳо ва Истгоҳи роҳи оҳан байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дастурҳои муфид медиҳанд.
Дар хатми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон буклетҳои роҳнамои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба муҳоҷирати бехатар; Тундгаро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист? Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад? тақсим гардида, ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, барои дарёфти ҷои кор бо музди меҳнати арзанда дар ширкатҳои бузурги дохили кишвар, тавсияҳои муфид дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират