Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод пеш аз сафар бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки тавассути нақлиёт ба шаҳри Тюмени Федератсияи Россия сафар менамоянд, мулоқоти муфид баргузор намуданд.
Зимни мулоқот бо муҳоҷирон оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ, зуроварӣ дар оила ва масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардида, зикр карданд, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб карда аст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд.
Ин зуҳурот на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳандозӣ шуда истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”. Ифротгароӣ ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт