Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ҷиҳати беҳтар кардани корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар самти риояи беҳдошти санитарӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҶСК “Фурудгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо кормандони муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд, кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Б.Ғафуров инчунин намояндагони Маркази пешгирӣ бар зидди бемориҳои ВНМО дар ноҳияи Б.Ғафуров пеш аз сафар бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Федератсияи Россия сафар менамуданд вохӯриву суҳбатҳо доир карда шуда, ба ҳар яки онҳо варақаҳои иттилоотӣ – маърифати оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ ва муҳоҷирати бехатар тақсим карда шуд.
Зимни суҳбатҳо бори дигар таъкид гардид, ки дастурҳои аввалиндараҷа гигиенаи шахсӣ, талаботи ҷамъиятиро риоя карда, аз ҳар гуна сафарҳо худдорӣ намоянд. Ҳоло сироятёбии сокинон аз COVID-19 поён рафта бошад ҳам, эҳтиёткор бояд бошем. Ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоем ва ба ояндаи худ ва ояндаи насли наврас хунукназарона нанигарем.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд