Кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ҷиҳати пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии онҳо пеш аз сафар, корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда истодаанд.
Дар вақти суҳбат бо муҳоҷирон масъалаҳои тарзи фаъолияти меҳнатӣ, дуруст пур кардани корти муҳоҷират, тартиби расман гирифтани иҷозатнома (патент), муҳлати иҷозатнома, тарзи дароз намудани муҳлати иҷозатнома, арзиши он, гузаштани муоинаи тиббӣ, гирифтани полиси суғуртавӣ, Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида шуд, ки марҳилаи дуюми озмоиши санҷиши қоидаҳо ва шартҳои вуруд ба кишвари Россия барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 30 июни соли 2025 оғоз ёфтааст.
Хотиррасон карда шуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ замимаи мобилии ruID дастрасӣ дорад, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд дар портали Хадамоти давлатӣ ҳисоб эҷод кунанд, СНИЛС гиранд ва дар бораи сафари худ ба Федератсияи Россия огоҳинома пешниҳод намоянд.
Инчунин, ба маълумоти шаҳрвандон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд: Рақами телефон: +7 (495) 967-98-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ ва раҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе