Кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, дастурҳои муфид медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки мақсад аз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ин пеш аз ҳама ба шаҳрвандон додани тавсияҳо ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар кишварҳои хориҷа мебошад.
Аз ҷумла, донистани ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбӣ, тарзи гирифтани патент ва бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, пешгирии шомил шудани ҷавонону шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии сироятии бемории ВНМО/БПНМ, сил, экстремизм ва терроризм маслиҳатҳои муфид дода, даъват ба амал оварда шуд, ки дар дохил ва хориҷи кишвар бояд ҳар як фарди ҷомеаи имрӯза барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб мубориза барад.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.
Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд:
1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад;
2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсил доранд, онҳо метавонад то анҷоми таҳсил муҳлати будубоши худро тамдид намоянд, дар ҳолати анҷоми зиннаи таҳсилот инчунин имконият дода мешавад, ки ба муҳлати 30 шабонарӯз будубоши худро тамдид намуда, ба зинаи дигари таҳсилот дохил шаванд.
Дар рафти суҳбат ба нафароне, ки бе сабаб ё бо роҳи маъмурӣ аз кишвари Россия ихроҷ гардидаанд тавсия дода шуд, ки руҳафтода нашуда барои дарёфти кор ба сохтори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо муроҷиат намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба дигар саволҳои иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои гуногун ҷавобҳои муфид дода шуда, маводҳои иттилоотӣ ва брошюраҳои роҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират