Кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва зерсохтори он дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” якҷоя бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ), ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ -муҳоҷирони меҳнатӣ, вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯривӣ ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданд, ки ба қонунҳои федералӣ оид ба будубоши шаҳрвадони хориҷӣ дар Федератсияи Россия тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо менамояд. Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия низоми махсуси ихроҷ (депортатсия)-ро ҷорӣ намуда, ба “рӯйхати шахсони назоратшаванда” зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудааст.
Шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор доранд, бояд то 5 феврали соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати ФР муроҷиат намуда, худро ба қайди қонунӣ гиранд ё қаламрави ин давлатро тарк намоянд. Дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан шаҳрванд ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда (депортатсия) ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳад.
Агар шаҳрвандоне, ки дар руйхати мазкур қарор дошта бошанд ва Федератсияи Россияро бо хоҳиши худ тарк кардаанд, ихроҷ (депортатсия) шудаанд ё дар қаламрави Тоҷикистон ё дигар давлат қарор дошта бошанд, нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад бо мақсади аз рӯйхати мазкур баровардан ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.
Агар шумо дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бошед ё қонунӣ фаъолияти меҳнати менамоед ва дар рӯйхат қарор доред, ҳатман нусхаи шиносномаи худро ба Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират пешниҳод намоед.
Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави ФР қарор доранд, метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират tajmigration.ru ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj истифода намоед.
Чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар фурудгоҳҳо, истгоҳи роҳи оҳан ва нақлиёти мусофирбар дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб якҷоя бо кормандони СБМ минбаъд низ баргузор хоҳад гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират