Кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ҳангоми суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ пайваста корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳиро ҷиҳати муҳоҷирати бехатар, роҳҳои пешгирӣ намудани худ аз гуруҳҳои ифротгаро, экстремизму терроризм, риояи қоидаҳои будубош ва қонунҳои нави амалкунандаи Федератсияи Россия роҳандозӣ намуда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки мақсад аз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ин пеш аз ҳама ба шаҳрвандон тавсия додан ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари қабулкунанда, аз чи бояд огоҳ бошанду, чиро бояд донанд. Аз ҷумла, донистани ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбӣ, тарзи гирифтани патент ва бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ҳатми буда, ҷиҳати пешгирии шомил шудани ҷавонону шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, экстремизм ва терроризм маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, ба самъи муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки дар хориҷи кишвар худро аз таъсири ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию эктремистӣ, рӯ овардан ба фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткор дар канор гирифтан зарур аст, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи давъатҳои таблиғотӣ, истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ, шабакаҳои интернетӣ, одноклассник, фейсбук ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил намоянд.
Бо назардошти ин ба ҳозирин таъкид гардид, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткориро аз даст надода, кӯшиш намоед мушкилоти худро дар мақомотҳои дахлдори қудратии Федератсияи Россия ё Сафорату Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қарордошта ҳамкорӣ намуда ҳал намоед.
Инчунин, дар рафти суҳбат ба нафароне, ки бе сабаб ё бо роҳи маъмурӣ аз кишвари Россия ихрољ гардидаанд тавсия дода шуд, ки руҳафтода нашуда барои дарёфти кор ба сохтори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо муроҷиат намоянд.
Қайд гардид, ки айни замон дар дохили кишвар барои дарёфти кори мувофиқ ва музди меҳнати баланд бо шароитҳои хуб имконияти фароҳам буда, ширкатҳои сохтмонӣ, саноатӣ, роҳсозӣ, корхонаҳои бузурги ватанӣ аз қабили НБО “Роғун”, ҶСП “Ҷунтай-Данғара”, “Син силу текстил” ва дигар сохтмонҳои биносозӣ ба коргар ва мутахассисони соҳибмалакаи ватанӣ эҳтиёҷ доранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба дигар саволҳои иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои гуногун ҷавобҳои муфид дода шуда, маводҳои иттилоотӣ ва брошюраҳои роҳнамоӣ ҳангоми сафар тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

