Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо сокинон, фаъолон ва оилаи муҳоҷирони меҳнатии Ҷамоати деҳоти Зумрад мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шахри Исфара Ахмедов М., доир ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, тағйиротҳо ба меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, инчунин оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, таасубу тақлид ба фарҳанги номақбули бегона, дурусту самаранок истифодабарии шабакаҳои интернетӣ ва роҳ надодан ба зиёдаравию ифротгароӣ, ба роҳ мондани кор дар самти касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ ва бозпасшуда, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии занон, муҳоҷирати бехатар, муқовимат ба савдои одамон, тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва эҳтиёт шудан аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарактҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, роҳ надодан ба нақзи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандони кишвари қабулкунанда, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари мазкур, ҷалби муҷирони меҳнатии воридшавиашон манъгардида ба НБО “Роғун” оиди роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, инчунин оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, суханронӣ намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

